​ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ БЕҲАМТОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ин унвони конференсияи илмӣ-амалӣ буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва 90 – умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ доир гардид.

Ректори донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом доир ба гиромидошти забони давлатӣ сухан карда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт.

Номбурда забонро нишонаи асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар халқу миллат номида, зикр дошт, ки забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин нигоштаву баромадҳои худ ба ин нукта ишора намуда, забонро барҷастатарин ва гўётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат унвон намудаанд” – таъкид дошт профессор Усмонзода Аюб.

Гуфта шуд, ки имрўз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони адабӣ вуҷуд дошта, дар ин замина, Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба сифати як муассисаи нерўманди илмӣ ҷиҳати гиромидошти забони давлатӣ мунтазам ташаббус зоҳир мекунад.

Ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки айни ҳол танҳо ба омўзиши масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ дар донишгоҳ 4 доктори илм ва зиёда аз 30 номзади илм машғул ҳастанд. Дар Шўрои диссертатсионии назди донишгоҳ давоми соли ҷорӣ 3 рисолаи номзадӣ ва дар Шўрои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 1 рисолаи докторӣ дар самтизабоншиносӣ бомуваффақият ба дифоъ расида, 10 китобу дастури таълимӣ рўи чоп омаданд.

Изҳори умед шуд, ки олимону мутахассисони соҳаи забоншиносӣ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти забон корҳои муҳиму арзишмандеро ба анҷом расонида, дар ин раванд ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гардид.

Дар идома номаи табрикотии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

Ҷонишини раиси комиссияи донишгоҳии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Абдусаттор Абдуқодиров перомуни “Татбиқи сиёсати давлатии забон дар донишгоҳ” ва доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Абдуҷамол Ҳасанзода дар мавзӯи “Пешвои миллат ва забони бунёдгузори тамаддуни бани башар” маърӯза намуданд.

Дар идома таҳти унвони “Пешвои миллат ва масъалаи замону макони ташаккули забони тоҷикӣ” маърӯзаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ дотсент Мӯсо Олимҷонов шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои гуногун идома дошта, дар тамоми факултет ҷиҳати гиромидошти забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ