​Пешвои миллат - кафили давлатдории дунявӣ

Таҳти ин ном дар факултети геоэкология ва туризм мизи мудаввар доир шуд. Ин ташаббусро масъулини кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба роҳ монда, ба он донишҷӯёни соли якум ҷалб гардиданд.

Омӯзгори кафедра Ҳоҷиева Мунира перомуни мавзуи меҳварии ҷамъомад ибрози назар намуда, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсӣ ва ризоияти миллӣ андешаҳо ироа дошт.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён дар бораи эълон гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ