​Пешгирии зуҳуроти иҷтимоию равонӣ дар муҳити таълимӣ

Ба хотири баланд бардоштани донишҳои равонии омӯзгорону хонандагон аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти роҳбарии сармуаллима Муҳарам Раҳимова тренинг дар мавзӯи "Булинг" бо омӯзгорони МТМУ №22 шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Зимни тренинг доир ба зуҳуроти иҷтимоию равонӣ дар муҳити таълимӣ, аз қабили роҳҳои пешгирӣ ва таҳқир дар мактаб маълумоти муфассал иро гардид.

Дар идомаи тренинг дар бораи таҳқири мактабӣ, оқибатҳои он, тарзи кор кардан дар даста, баён ва ҳимояи нуқтаи назар омӯзонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тренинги мазкур яке аз шаклҳои чораҳои пешгирикунанда барои таҳқир дар мактаб мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ