​Пешгирӣ аз падидаҳои манфии ҷомеа

Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, вазъиноустувори ҳамсоякишварҳо ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ПрезидентиҶумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣРаҳмон тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида, дар ҳар як вохўриву суханронӣ, паёмусафарҳои корӣ бамардумиТоҷикистон, алалхусусба ҷавононмуроҷиат намуда, таъкид месозанд, киазвазъидунёи имрўз сабақ гирифта, барои ояндаи Тоҷикистоназ тамомиимкониятҳо истифода намоянд вабарои таҳким бахшиданисулҳусубот, таъмини амният, баланд бардоштани сатҳи зиндагиихеш кўшишнамоянд.

Дар робита ба индар факултетитаҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсусвохӯрии донишҷӯён бо муовинираисиИттифоқи ҷавонони Тоҷикистондар вилояти СуғдФирдавсФахриддинзодабаргузор гардид.Дар мулоқот мавзӯи «Пешгириишомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлатӣ»» мавриди муҳлкима қарор гирифт.

Дар мулоқот қайд гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ башариятро ба ташвиш овардааст. Ин раванд моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияту оромии кишварамон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем.

Дар охир аз ҷавонон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ