​Пажуҳишгари масоили мубрами илми кимиё

Дар толори калони раёсати Донишгоҳ чорабинии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи химия ва ҷашни 75 солагии яке аз собиқадорони пуркор, профессор Муҳаммадҷонов Музаффар Собирович бо иштироки олимону мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давла­тии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар ин боргоҳи шукӯҳманди илму маърифат яке аз чеҳраҳои тобони илму маорифи кишвар, профессор Муҳаммадҷонов Музаффар фаъолияти пурсамар бурда, дар омода кардани кадрҳои лаёқатманди илмӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Гуфта шуд, ки воқеан ҳам сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гиромидошти санаҳои таърихӣ, эҳёи суннату фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама хидматҳои арзандаи чеҳраҳои барҷастаи илму инноватсия шароити мусоидеро фароҳам овард. Сарвари Донишгоҳ бо иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат қайд намуд, ки «Зиндагиномаи ҳар як шахсияти маъруфи Тоҷикистон мактаби бузурги таҷрибаи ҳаёт мебошад».

Сипас, доктори илмҳои биологӣ Шаҳноза Мирзобаҳодурова дар мавзуи “Фаъолияти пурсамари профессори кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ Муҳаммадҷонов Музаффар”, профессори кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумруки Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон Қобилов Н.Қ. дар мавзуи “Таҷрибаи пешқадами педагогӣ-илмии профессор Муҳаммадҷонов Музаффар” маърӯза ира намуданд.

Зикр шуд, ки профессор Муҳаммадҷонов Музаффар Собирович умри пурбаракати хешро дар роҳи таҳқиқу пажуҳиши масоили мубрами илмҳои кимиёвӣ, таълиму тарбияи шогирдон сарф кардааст. Хидмати арзандаи устод ба ҳайси муаллим, сармуаллим, дотсент, профессор, мудири кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химия хеле назаррас буда, баҳри пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Китобу рисолаҳои илмии “Синтез и свойства бензодитиепинов”,«Химияи органикӣ» барои ихтисосҳои сикли биология, “Барномаи таълимии фанҳои сикли химия”, “Синтези органикӣ” ва “ Аттестатсияи давлатӣ аз фанни химия” ҳанӯз ҳам таваҷҷӯҳи ҳаводорони осори соҳибҷашнро афзуда истодааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ барқияҳои табрикотии ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида ироа гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ