Парки технологӣ: Хатмкунандагон соҳиби шаҳодатнома гардиданд

Дар оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагони лоиҳаи “Модернизатсияи нерӯи илмиву истеҳсолӣ ва таълимии Парки технологӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати устоҳои мебелсоз барои донишҷӯён ва ҷавонон”, кидар асоси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) аз 10-уми июн то 20 августи соли равон аз рӯи барномаи таълимии 100 соата семинар-тренингҳо гузаронида шуд, шаҳодатномаҳо тақдим гардиданд.

Ба иттилои муовини директори Парки технологӣ дотсент Р.Назаров, дар асоси гранти хурди БРСММ аз рӯи барномаи таълимии 100 соата семинар-тренингҳо гузаронида шуда, дониш, маҳорату малакаи шунавандагон такмил дода шуда, онҳо касби устои мебелсозро аз бар намуданд.

Дар сехи мебелсозӣ–устохонаҳои таълимии кафедраи технология натиҷагирӣ ва супоридани шаҳодатномаҳо (сертификатҳо) ба хатмкунандагони семинар-тренингҳо бо иштироки намояндагони БРСММ баргузор гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, профессор Х.Сабурӣ ва намояндагони БРСММ, аз ҳадаф ва маромҳои лоиҳа ёдовар шуданд. Меҳмонон аз заминаҳои моддиву техникии сехи мебелсозӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти мебелӣ бо истифода аз дастгоҳҳову таҷҳизоти техникии тавассути лоиҳа харидоришуда аз наздик шинос шуданд.

Сардори бахши иқтисодии БРСММ Ф.Саидхӯҷаев мухтасар аз фаъолияти барномаи мазкур ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, таҳияи барномаву лоиҳаҳои инноватсионӣ, мақсаду вазифаҳои лоиҳа ибрози андеша намуда, аз ҳамкорӣ бо ПТ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки 3 нафар хатмкунандагони курсҳои мазкур сехи мебелсозии оилавӣ таъсис дода, як нафар – Қаюмов Далерҷон ба ПТ ба кор даъват шудааст ва чанд нафари дигар дар коргоҳҳои мебелсозӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Иқдоми мазкур қадами нахустин дар татбиқи дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот маҳсуб ёфта, садорати ПТ азм дорад, ки ташкил ва баргузории чунин курсҳоро силсилавӣ ба роҳ монад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати устоҳои мебелсоз шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ