​Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат

Ин номи конфронси илмӣ – амалӣ буд, ки масъулини факултети филологияи рус роҳандозӣ карданд. Иқдоми мазур дар доираи силсила-чорабиниҳои донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар конфронс декани факултет, муовинони декан оид ба тарбия, илм ва инноватсия ва таълим, мудирони кафедраҳо ва донишҷўён иштирок намуданд.

Декани факултет иштирокдорони конфронсро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, аз мақому нақши Парчам сухан намуд.

Дар доираи конфронс перомуни мавзӯи мавриди назар маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ