​Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!

Дар факултети биология ва химия бо ташаббуси кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯён оид ба Парчам шеърҳо қироат карда, доир ба таърихи пайдоиши Парчам, нақши он дар давлатдорӣ ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ироа карданд.

Ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ