​Парчамат бодо парафшон меҳанам!

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ вадавлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихи ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин дар Кӯдакистони Президентӣ аз ҷониби донишҷӯён-таҷрибаомӯзони курси 5-уми шуъбаи фосилавии ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ амалии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон меҳанам!” ташкил ва баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо кӯдакони гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ташкил гардид, ки дар рафти чорабинӣ Кӯдакон бо як ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ тавонистанд истеъдоду маҳорати худро бо сароидани суруди умумӣ, рақси якка, қироати шеърҳо ва саҳнаи тарбиявӣ пешкаши ҳамагон намоянд.

Мақсади гузаронидани чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ барои наврасону ҷавонон маънидод шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ