​Парчамамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Таҳти чунин унвон димрӯз дар факултети биология ва химияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии донишгоҳ ҳамоиш бо игштироки устодону донишҷӯён доир гардид.

Нахуст, декани факултет доктори илмҳои биологӣ Шаҳноза Мирзобаҳодурова ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Парчам ва 90 - солагии донишгҳор табрик гуфта, Парчами давлатиро нишоне аз таърихи куҳани миллати тоҷик ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ унвон намуд. Қайд гардид, ки он як ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз мавҷудияти миллату давлат дарак медиҳад.

Дар идома мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, Шӯҳрат Кӯчибоев дар мавзуи “Муқаддас будани парчам ва эҳтиром гузоштан ба он” маърӯза ироа намуд. Номбурда афзуд, ки яке аз рамзҳо ва нишонаҳои асосии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон ин Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъдан, дар қисми фарҳангии чорабинӣ шеъру гуфтор, саҳначаи тарбиявӣ, суруду таронаҳои дилангез дар пешниҳоди донишҷӯёни гурӯҳи 204В таҳти роҳбарии омӯзгори фанни педагогика, Шоҳин Бобоназаров пешкаш карда шуд.

Дар интиҳои ҳамоиш, ба иштирокчиёни фаъол ифтихорномаву сипосномаҳои садорати факултет тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ