Парчам - симои давлат ва нишона аз худшиносии миллат
Ин унвони мизи мудаввар буд, ки дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ гузаронида шуд. Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии донишҷӯён унвон гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони шӯъбаи тарбияи донишгоҳ - Мирзозода Нодирахон ва Гулбаҳор Султонова, инчунин дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Бобоева Зеварой иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Зикр шуд, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр мебошад.
“Таҷлил шудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист” – афзуданд иштирокчиёни мизи мудаввар.
Ҳамзамон, донишҷӯён оид ба таърихи парчаму парчамдории тоҷикон маърӯзаҳо манзур карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил