Парчам - рамзи ватандорӣ

Устодон ва донишҷӯёни азиз,

Шуморо аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, бароятон сарбаландиву саодатмандӣ, саломатии мудом ва тавфиқу пирӯзиҳои пайваста таманно мекунем.

Басо рамзист, ки имсол мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арафаи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ – 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии донишгоҳи азизамон истиқбол мегирем.

Мусаллам аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчамро барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ унвон намуда, таъкид доштаанд, ки Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад.

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар Шуморо табрик гуфта, бароятон маҷмӯи хушиҳои зиндагӣ ва барои Ватани азизамон пешрафту дастовардҳои босуръати бесобиқа таманно дорем.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


Бо эҳтиром,

ректори ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

профессор Усмонзода Аюб Ислом

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ