​Парчам - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар факултети геоэкология ва туризм бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 104 ва 105 бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Ин ташаббус ба мавзӯи “Парчам - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллӣ» бахшида шуд.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира таъкид дошт, ки парчам таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки ҳифзи Парчам ба унвони муқаддасоти бузурги миллӣ ин ҳимояи давлату давлатдорӣ ба шумор меравад.

Бо табодули афкор миёни донишҷӯён мизи мудаввар ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ