​Парчам рамзи хоси соҳибдавлатӣ дар ҷаҳони муосир

Дар факултети филолгияи рус дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба гиромидошти Рӯзи Папрчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Манзура Ҷумаева бо гурӯҳҳои 103 ва 104 баргузор гардид, ки дар он декани факултет Раъно Шаропова, муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон ширкат варзиданд.

Дар оғози дарс Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби донишҷӯён қироат карда шуд.

Сипас, донишҷӯён роҷеъ ба мавзуи баррасишаванда баромад намуда, Парчами давлатиро нишоне аз таърихи куҳани халқи тоҷик арзёбӣ намуда, парчамро аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ маънидод намуданд. Зикр шуд, ки парчам як ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз мавҷудияти миллату давлати куҳанбунёд шаҳодат медиҳад.

Дар ҷаҳони муосир Парчами миллӣ - ин нишонаи истиқлол, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ унвон гардид.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар тарбияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии ҷавонон хеле муассир буд.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет Раъно Шаропова баромад намуда, афзуд, ки эҳтиром Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд буда, он рамзи хоси соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ