​Парчам – ифодагари ҳаёти осоишта

Дар идомаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забонҳои хориҷӣ, психология ва таҳсилоти томактабӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ чорабинӣ доир гардид.

Таъкид рафт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек мебошад. Парчам рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ унвон шуда, дар доираи ин чорабиниҳо маърузаҳои пурмуҳтаво ироа шуданд.

Иҷрои суруду рақси миллӣ, намоиши саҳнаҳои пурмазмуни тарбиявӣ ба чорабиниҳо ҳусну маънои баланд бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ