​Пайванди наслҳо

Таҳти ин унвон бахшида ба 65-солагии факултети забонҳои хориҷӣ дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ аз тарафи донишҷӯёни курси 1, гурӯҳҳои 102 ва 105 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии декани факултет профессор Меҳринисо Абдуллоева ноибдеканҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, донишҷӯён дар бораи таърих, марҳилаҳои рушду фаъолияти донишгоҳ ва факултети забонҳои хориҷӣ маълумот доданд.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент М. Нематуллоева баромад намуда, афзуд, ки мо хушбахттарин инсонҳое ҳастем, ки забону фарҳанг дорем ва тавассути он моро ҷаҳониён мешиносанду эътироф менамоянд. Дар идома аз ҷавонон хоҳиш ба амал овард, ки барои омухтани илмҳои замони муосир тамоми қуввати худро равона намуда, кадрҳои содиқу лаёқатманд ба воя расида, барои миллату давлати худ хизмат намоянд.

Инчунин шеърҳо перомуни мавзуъҳои баррасишаванда аз тарафи донишҷӯён қироат карда шуд.

Барномаи фарҳангии пешкашгардида ба чорабини ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ