Паёми пешвои муаззами миллат - раҳнамои саодати мардум

Бо мақсади дар сатҳи баланд тарғибу ташвиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети геоэкология таҳти унвони “Паёми пешвои муаззами миллат - раҳнамои саодати мардумконференсияи назариявӣ-амалӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих - Аюбҷон Усмонов доир ба муҳтавои асосии Паём фикру андешаҳои худро иброз намуда, афзуд, ки Паёми Пешвои миллат барои мардуми Тоҷикистон нақшаи фаъолиятро дар соли 2020 мушаххасан пешниҳод намудааст ва ҳар як фарди ватандӯст мебояд дар ташвиқу тарғиб ватаъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём баёнгардида саҳми худро гузорад.

Дар идома, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Мурод Собиров дар мавзӯи “Роҳҳои татбиқи нуктаҳои Пешвои миллат дар самти таъмини рушди илмҳои табиатшиносӣ”, сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография – Замирахон Муинова роҷеъ ба “Аҳамияти хониши китобҳои бадеӣ дар ташаккули мафкураи солими ҷавонон” ва сармуалими кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, Музаффар Дадобоев доир бамавзӯи “Инъикоси амалинамоии Консепсияи милли тарбия дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърӯза намуда, нисбати вазифаҳою супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байнанмиллали амал “Об барои рушди устувор” давоми солҳои 2018-2028, хониши китобҳои бадеӣ, Консепсияи милли тарбия сухан карданд.

Маркази иттилоот ватаҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ