​Паёми созанда

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28.12.2023 баён гардид бароям хеле хушоянд буд. Дар он аз масоили иҷтимоӣ то масоили иқтисодӣ нуктаҳои муҳимтарин аз ҷумлаи ҳурмати падару модар, ҳурмати калонсолон, мақоми зан дар ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимон, илму маърифат, омӯзиши забони хориҷӣ, тарбияи донишмандони ихтироъкор ва олимони ҷавон, баланд бардоштани маоши тамоми кормандони давлатӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, дар соли 2025 ба истифода додани агрегати 3-юми Неругоҳи Барқи Обии Роғун, ба фурӯш гузоштани маҳсулоти мардумӣ дар ҳар як бозору растаҳо гуфта шуд.

Ҳар як сухане, ки сарвари давлат дар паёми худ зикр намуданд, воқеан дилсӯзонаву ҳидоятгароёна барои тамоми мардуми Тоҷикистон хоса ҷавонону наврасон мебошад. Суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуфтаи моро собит месозад:

"Сухане, ки аз модар мешунавӣ, он меҳрубоне, ки аз модар мебинӣ аз ягон каси дигар намебинӣ.

Нагӯем, ки модар надорем, зеро тамоми модарони тоҷик модари мост."

"То вақте, ки ҷон дорем, ғамхори падару модар бошем."

"Ман ҳар ҷое, ки сафар мекунам аввал аз ҳолу аҳволи ятимон хабардор мешавам. Ятимони мо ҳатто худро ятим эҳсос намекунанд."

"Илми тоҷик инкишоф ёфтанаш даркор. Олимони ҷавонро тарбия кунед. Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем."

"Мо чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад ба соҳаи илм равона мекунем."

"Дар самти инкишофи нерӯи сабз, соли 2037 Тоҷикистон воқеан ба кишвари сабз табдил меёбад."

"Табиати Тоҷикистон - табиати биҳиштосо аст. Бояд, ки мардумаш беш аз сад сол зиндагӣ кунад."

Бо таассуроти нек аз Паём ман ҳамчун як омӯзгори ҷавони насли истиқлоли кишвар гуфта метавонам, ки тамоми гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои мо моломоли ибрату омӯзиш буда, моро муваззаф месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият ҷиҳати амалисозии нуктаҳои дар Паём зикршуда аз дилу ҷон кор кунем, дониши худро такмил диҳем, илму фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва аз меросбарони ҳақиқии ин халқу миллати куҳанбунёд бошем.

Саидғанизода Саидсултонхон - омӯзгори факултети забонҳои шарқ, кафедраи филологияи араб

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ