​ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОР

Мусаллам аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва тамо­ми мардуми шарафманди тоҷик ироа гардид, чун ҳамешагӣ саршор аз андеша­ҳои стратегӣ, ғояҳои миллӣ, ҳадафҳои мушаххас ва роҳнамоҳои амалии рушди устувори кишвар буда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлатро барои марҳалаи минбаъда муайян намуд.

Муҳтарам Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои таҳкими суботи сиёсӣ, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди зеҳни сунъӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳ намуда, ташаббусҳои тақдирсози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун омили муҳимми пешбурди рушди устувор ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муфассал перомуни масоили мубрами сиёсиву иқтисодии кишвар суханронӣ намуда, нишондиҳандаҳои асосии рушди устувори кишвар­ро таҳлил карданд ва таъкид доштанд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ омили муҳим­ми рушди иқтисод ва пешрафти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Маълум гардид, ки дар тӯли 10 соли охир, бахши хусусӣ ҳамчун муҳар­рики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон шинохта шуда, 80% истеҳсол ва 70% шуғли аҳолиро таъмин намудааст. Ислоҳоти маъмурикунонии андоз ва рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, ки соддагардонии равандҳо, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракуниро таъмин менамоянд, заминаи рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷиро фароҳам овардааст.

Ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръат ва рушди маъ­дан, ки дар давоми 7 сол таъсиси 2600 корхона ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолро ба вуҷуд овард, нишондиҳандаи таъсири мустақими сиёсати давлатӣ ба пешрафти иқтисод мебошад. Дар соҳаи энергетика бо сармоягузории бузург ва татбиқи лоиҳаҳои аз қабили неругоҳи барқи обии «Роғун» ва неругоҳҳои офтобӣ истиқлоли энергетикии кишварро дар оянда комилан таъмин намуда, имкониятҳои рушди зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумоти «сабз»-ро фароҳам меоваранд. Ин тадбирҳо дар маҷмӯъ нишон медиҳанд, ки татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда ва истифодабарии самараноки захираҳо омили муҳими рушди устувори иқтисод ва пешрафти иҷтимоии кишвар мебошанд.

Илова бар ин, Паёми навбатии муҳтарам Сарвари давлат масъалаи иҷтимоӣ ва рушди иҷтимоии кишварро фаро гирифта буд, ки дар он ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани фарогирии хизмат­расониҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таҳсил, тандурустӣ ва имкониятҳои фаро­ғатӣ, ҳамзамон мусоидат ба коҳиш додани камбизоатӣ ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ аҳамияти вижа дода шуд.

Муҳтарам Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди устувори иҷтимоӣ бояд бо татбиқи сиёсати давлат, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ва фаъолсозии соҳибкорон дар самтҳои иҷтимоӣ пайвастагии зич дошта бошад. Аз ин равшан мегардад, ки дар марҳилаи кунунии рушди кишвар инсон, сатҳи зиндагӣ ва сармояи инсонӣ ба маркази сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Таҳ­лили ин бахш гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати иҷтимоӣ дигар танҳо маҷмӯи чорабиниҳои дастгиркунанда набуда, балки як механизми стратегӣ барои таъмини рушди устувор, суботи ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ ба шумор меравад.

Дар Паёми имсола низ таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маориф ва илм ҳамчун пояи асосии сиёсати иҷтимоӣ, ки асосаш дар дарки амиқи Сарвари давлат аз нақши донишу маърифат дар пешрафти миллат мебошад, равшан инъикос ёфтааст. Сарвари давлат таъкид карданд, ки: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.

Масъалаи ҷалби наврасон ва ҷавонон ба фаъолиятҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ аз масъалаҳои меҳварии ин бахши Паём буд. Маълум гардид, ки дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди марказҳои таҳқиқотӣ на танҳо насли ояндасози қобили рақобатро ба вуҷуд меоварад, балки аҳли илм ва муҳаққиқони навоварро низ тарбия менамояд ва танҳо бо ин равиш метавон ба баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ ва донишбунёдии ҷавонон, ҳамчунин таҳкими иқтидори кишвар дар арсаи инноватсионӣ мавқеи муносибу мувофиқро пайдо намуд. Аз ин рӯ илму маориф на танҳо соҳаи хизматрасонӣ, балки омили стратегии таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад.

Таваҷҷуҳ ва ташаббусу иқдомҳои Сарвари давлат оид ба рушди таҳсилоти техникию касбӣ ва соҳаҳои технологияҳои нав, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, нишон дода истодаанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бо эҳтиёҷоти иқтисоди пешрафтаи рақамӣ ва талаботи бозори меҳнат бояд ҳамоҳанг бошад. Зеро ин равиш илова бар баланд бардоштани сифати таҳсил, имконияти шуғли босамар ва ҷалби ҷавонон ба рушди иқтисоди миллӣ ва технологияҳои муосирро фароҳам меорад, афзун бар ин ҳамгироии донишу маърифат бо саноат ва соҳибкориро таъмин месозад.

Дар ин замина Сарвари давлат бо назардошти талаботи воқеии истеҳсолот ва талаботи бозори меҳнат бознигариву таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимиро амри саривақтӣ ва омили калидии коҳиш додани норасоии кадрҳои баландихтисос, тақвияти қобилияти рақобатпазирии мутахассисон ва дастги­рии рушди устувори иқтисоди миллӣ баён доштанд, ки дарвоқеъ ин равиш ба таъмини пайвасти мустақим байни таҳсилот ва талаботи воқеии иқтисод, рушди соҳибкорӣ ва саноати миллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои миллат бори дигар нишон дод, ки маориф ва илм барои давлату ҳукумат самти афзалиятнок ва стратегӣ маҳсуб меёбанд ва сиёсати давлатӣ аз маҳдудшавӣ ба таҳсилоти анъанавӣ ва расмӣ ба сӯи ислоҳоти фарогир ва самаранок равона шудааст, ки рушди интеллектуалӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро таҳким мебахшад. Яъне маориф ҳамчун омили стратегии рушди инсоният, истеҳсолоти рақобатпазир ва таҳкими нерӯи зеҳнии миллӣ мавқеи марказӣ касб намудааст. Зеро такя бар қавли Пешвои миллат “танҳо ҷомеаи бомаърифат метавонад ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вобастагии зеҳнӣ муқовимати муассир нишон диҳад”.

Дар ин замина Сарвари давлат роҷеъ ба мавқеъ ва мақоми омӯзгор низ ба таври хос таваҷҷуҳ намуданд. Беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва афзоиши музди меҳнати омӯзгорон аз як тараф ҳамчун баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор баён шуда бошад, аз ҷониби дигар ҳамчун шарти асосии баланд бардоштани сифати таълим арзёбӣ гардид. Ин нишон медиҳад, ки ҳеҷ гуна ислоҳоти маориф бидуни омӯзгори соҳибтаҷриба ва ҳавасманд натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

Дар баробари ин сифати таълим низ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт. Такмили мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва густариши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва технологӣ, умуман тамоми талошҳои таълимӣ бояд ба ҳадафҳои стратегии давлат, яъне омода намудани на танҳо хатмкунанда, балки мутахассиси рақобатпазир равона карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад ба муаммоҳои ҷаҳонии норасоии кадрҳои баландихтисос ҷавоб бошад. Аз ин ҷо, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони илм на танҳо тадбири иҷтимоӣ, балки механизми мустақими баланд бардоштани сифати таълим ба шумор меравад ва маълум аст, ки танҳо бо ин иқдом метавон робитаи мустақими «сифати омӯзгор – сифати таҳсил»-ро тақвият дод, зеро омӯзгори фаъолу ҳавасманшуда метавонад тамоми неруи зеҳниву эҷодии худро ба таълиму тарбия равона созад.

Дар ҳамин замина, супоришҳои мушаххаси Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва дигар сохторҳои марбута аҳамияти калидӣ касб мекунанд ва таъкид мекунанд, ки сиёсати давлатӣ бояд ба марҳилаи идоракунии стратегӣ ворид шуда, масъулият ва натиҷагирии дақиқро таъмин намояд.

Дар маҷмуъ, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чунин бардошт намуд, ки ҳифз ва рушди илму маориф, тарбия ва омӯзиши насли оянда на танҳо вазифаи давлату ҳукумат, балки уҳдадории ҳамаҷонибаи тамоми ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки ояндаи давлату миллат ба рушди илму маориф, малакаҳои касбӣ ва донишҳои насли ҷавон вобаста аст. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки фаъолияту ҳадафҳои худро бо стратегияҳои милливу стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг намуда, саҳмгузории устувори хешро дар рушди илму маърифат нишон диҳем ва дар амал татбиқ намоем.

Ҳамзамон, тамоми иқдому ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳифзи муҳити зист, рушди илму маориф, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии босуръат, энергетика, амнияти озуқаворӣ, инфрасохтор ва идоракунии самаранок равона шудаанд, ки ин иқдомҳо эътирофи байналмилалиро таъмин намуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишваре, ки ба рушди устувор ва ҳамкориҳои глобалӣ саҳм мегузорад, моро водор мекунад, ки дар ин ҷодаҳо нақши муассир дошта бошем ва меҳани худро ҳамчун сарзамини соҳибтамаддуну ободкор муаррифӣ намоем. Ҳамчунин дар ҳифзу тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла анъанаҳо, ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои башардӯстона, ки ҳисси миллӣ ва худшиносии ҷавононро таҳким мебахшад, саҳмгузор бошем ва ҳувияти миллӣ ва давомнокии анъанаҳои пешини тоҷиконро ба наслҳои оянда пайваст намоем.

Абдуллозода Насим Абдулло,

доктори илмҳои филологӣ, профессор,

муовини ректор оид ба таълими МДТ “Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ