​ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ИНЪИКОСГАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи анъана ҳамасола Паёми хешро ба Маҷлиси Олӣ ироа менамоянд, ки он натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли равон ва вазифагузориҳо барои соли ояндаро инъикос мекунад. Паём фарогири кулли масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳур ба ҳисоб рафта, хулосабарорӣ, пешниҳодҳои мушаххас ва дастурҳо барои идомаи рушди минбаъда мушаххас нишон дода мешавад. Он санади муҳими давлативу давлатдорӣ буда, иродаи ҷомеаро баҳри рушди устувор, масъулияти шаҳрвандӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти ҳамарузаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ тақвият мебахшад, худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллиро таҳким медиҳад. Ироаи паём чун шакли муосири робитаи сарвари давлат бо ҷомеа инъикос гардида, марҳилаи муҳими истиқлоли давлатиро ифода мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём бо такя ба таърих ва арзишҳои фарҳангӣ миллати тоҷикро ҳамчун вориси ориёӣ, ки дорои тамаддун ва фарҳанги пурғановати беш аз шашҳазорсоларо фарогиранда ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки “гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек-волотарин шиори тоҷикон дар масири таърих” мебошад. Дар ҳақиқат, ки таърихи инсоният арзишҳои волои инсониро ҳифз ва интиқол намуда, масъулияти хосаро дар назди насли оянда ба миён меорад.

Қобили тазаккур аст, бо таҳким гардидани сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мазмун ва самти паём ба масоили рушди иқтисодӣ, ислоҳоти иҷтимоӣ, муназзам гардидани низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардида, он идомати мантиқии паёмҳои пешин байни мақсадҳои сиёсӣ ва имконияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Паём ин механизми иҷро, масъулияти том ва ҷамъбасти фаъолияти пешин буда, ба ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ дар ҷумҳур шароит фароҳам меоварад. Дар он ҳадафҳои кутоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо ҳам пайваста гардида, рушди мамлакатро нишон медиҳанд, ки дар он инсон, фарҳанг, таърих, худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллӣ нақши ҳалкунанда доранд.

Марҳила ба марҳила ворид гардидани Тоҷикистон ба доираи рушди устувор, иҷроиши ҳадафҳои стратегии кишвар, истифодаи техника ва технологияи муосир, ҳамгироии ҷумҳурӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки паём барномаи мукаммал ва ҳадафманд ба шумор меравад. Паём тамоми сохторҳои ҳокимиятиро ба иҷроиши вазифаҳои аниқ равона месозад, ба ташаккули механизми ҳисоботдиҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд ва ширкати фаъолонаи тамоми шаҳрвандони кишварро дар татбиқ кардани мақсадҳои миллӣ зарур медонад.

Иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусиятҳои иқтисоди давраи гузаришро пурра таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои беруна ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Сарвари давлат ёдрас шуданд, ки идораи давлатӣ бояд бо истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияи рақамӣ роҳандозӣ карда шавад. Бинобар ин барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Паёми имсола 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ пешкаш гардида, ҷойгоҳи махсусро дорад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмро дар заминаи воқеияти мушаххаси таърихӣ пешниҳод намуда, нишон медиҳанд, ки дастовардҳои бадастомада тасодуфӣ нестанд, балки натиҷаи сиёсати пайгирона, идоракунии мутамарказ ва ҳамбастагии ҷомеа ба шумор мераванд. Дар он ҷамъбасти се даҳсолаи таърихи истиқлоли Тоҷикистон, рушди босубот ва гузариш ба низоми нави рақобатпазири миллӣ ва ҷаҳонӣ инъикоси худро ёфтааст. Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои санадҳои сеҷониба бо Қирғизистону Узбекистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз марҳалаи ҳалли мушкилоти меросӣ гузашта, ба сиёсати фаъол ва созандаи минтақавӣ ворид шудааст. Ин рӯйдодҳо заминаи боэътимоди рушди иқтисодӣ, тиҷорат ва ҳамкории ҳамаҷонибаро фароҳам меоранд, ки бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллиро чун мафҳуми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Сарвари давлат иброз намуданд, ки рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар он ҳолат устувор мешавад, ки он бо худогоҳии шаҳрвандон, эҳтиром ба таърих ва дарки масъулияти миллӣ ҳамоҳанг бошад. Дар ин ҳолат худшиносии миллӣ чун омили калидии амнияти ҷомеа ва давлат муаррифӣ мегардад.

Тарбияи насли босавод, бофарҳанг, бомаърифат, ватандусту ватанпарвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуввият ва худшиносии миллӣ тавассути маориф, тарбия ва фарҳанг ташаккул меёбад. Таъкид гардид, ки ояндаи босуботи рушди давлату миллат аз насле сарчашма мегирад, ки он дорои ҷаҳонбинии илмӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангии худ арзёбӣ гардад. Таърихи Тоҷикистон гувоҳ аст, ки заифии худшиносии миллӣ ва сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ боис гардид, ки тамоми ҷомеа ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шавад. Ин нукта аз ҷониби Сарвари давлат дар тамоми паёмҳо ёдовар мегардад. Яъне набояд гузаштаи таърихиро фаромуш намуд, балки бояд аз он сабақи таърихӣ гирифт. Миллате, ки таърихи худро меомӯзад, аз он сабақ мегирад, қодир аст хатоҳои гузаштаро маротиби дигар такрор накунад ва ба ояндаи кишвар бо назари устувор қадам гузорад.

Ҷойгоҳи ҷавонон дар паёми имсола махсус арзёбӣ гардида, он чун неруи муҳими пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ шудааст. Ҷавонони саодатманди даврони истиқлол метавонанд арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдориро ҳифз ва идома диҳанд. Худшиносии миллӣ тавассути иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳур тақвият меёбад. Дар шароити муосири ҷаҳони пуртазод ҳифзи истиқлол, баланд бардоштани обрӯи ҷумҳурӣ ва таъмин намудани ҷойгоҳи арзандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иҷрои пайгирона ва босифати сиёсати давлатӣ имконпазир аст.

Соли 2026 – соли ҷашнӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намуданд, ки баҳри таҷлили ҷашни давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода, дастовардҳои беҳтаринро бояд ба даст овард. Соли 2026 ба ифтихори 35-солагии ҷашни истиқлол “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид.

Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ баромад мекунад, ки тамоми ҷомеаро ба марҳилаи нави созандагӣ ва рақобатпазирӣ раҳнамоӣ менамояд. Зеро истиқлоли давлатӣ танҳо дастоварди таърихӣ набуда, балки масъулияти хоса ва доимӣ мебошад.

Иҷрои комил ва босифати нишондодҳои Паём ҳамчун шарти муҳими иҷроиши ҳадафҳои эълоншуда ба натиҷаҳои воқеӣ арзёбӣ мегардад, яъне он барномаи мукаммали амал ба ҳисоб меравад.

Маҳз дар иҷрои дақиқи ин барнома мафҳуми худшиносии миллӣ мазмуни воқеӣ пайдо мекунад, зеро худогоҳии ҳақиқӣ на дар эъломия, балки дар рафтори масъулона, дар фарҳанги иҷро ва дар садоқат ба манфиатҳои давлату миллат таҷассум меёбад.

Ӯлмасова М.А., муаллими калони

кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ