Паёми Президент роҳнамои ҳаёти ҷомеа
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паёмнавбати эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳобарои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.
Дар паёми имсола бисёр масъалаҳои мухиму аввалиндараҷа аз кабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатхои миллӣ, ҳифзи озодиву истиклолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣвазифагузорӣ карда шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолият Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо дар солҳои истиқлолият дар кишварамон иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва монанди як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шудаанд. Дар Паёми имсола ироа карда шуд, ки «… рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст». Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.
Масъалаи муҳими дигар, ки дар Паём мавриди барраси қарор гирифт, ин раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил аст. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳди истиқлолияти давлатӣ ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандўзии хонандагону донишҷўён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Кайд карда шуд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки соҳаи маъориф дар фаъолияти ҳамарўза ва ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ Ҳукумати мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта ва он барои рўз то рўз баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф бо мақсади омода сохтани мутахассисони варзида нигаронида шудааст.
Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овард.
Тарбияи хештаншиносӣ ва миллӣ дар ҳар як шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад. Мақсаду вазифаи тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳниву маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.
Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст.
Барои амалӣ сохтаниин нақшаҳо танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватанва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳоимуайяннамудаамон наздик мекунад. Мардуми шарифу сарбаланд, ватандўсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдўстӣ кишварамон аз ўҳдаи бартараф кардани ҳамаимушкилот ва иҷрои ҳама гунна амалҳои нек мебароянд, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонида барои зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бердишукуров А. А. - н.и.ф., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Саркорбобоева М.М - саруаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ