​Паёми Пешвои муаззами миллат – ҳидоятномаи маърифатпарварона ва зиндагонии шоиста

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Паёми Пешвои муаззами миллат – ҳидоятномаи маърифатпарварона ва зиндагонии шоиста” конференсияи илмӣ – амалӣ доир шуд. Ин ташаббус ҷиҳати шарҳи муҳтавои Паём бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардид.

Дар кори конференсия ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода, намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров ва доираи васеи устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї фарогири самтњои муњими соњоти гуногуни кишвар буд ва муњимтар аз њама, бањри рушди боз њам бештари диёри азизамон роҳнамои шоиста маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Паёми Роҳбари давлатро ҳамчун дастури созанда ва ҳуҷҷати роҳнамо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи самараноки он аз тамоми имконият истифода мебарад.

“Ин навбат низ дар Паёми имсола ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон масъалаи рушди илму маориф аз мавзуъњои мењварї буд. Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”- афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Таъкид рафт, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Чуноне дар Паём зикр шуд, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, инчунин ҳамқадами замон таълиму тарбия намудани донишҷӯён вазифаи муҳимтарини ҳар кадоми мо маҳсуб меёбад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров дар суханронии худ оид ба аҳамияти Паём таъкид намуда, татбиқи онро кафили таъмини зиндагии шоистаи мардум ва расидан ба дастовардҳо маънидод намуд.

Дар идома мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Мухторзода Киромиддин перомуни “Моҳияти сиёсиву ҳуқуқии Паёми Президенти кишвар”, таҳти унвони “Иқтисоди рақамӣ дар Паёми Пешвои миллат” аз ҷониби директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, профессор Қодиров Абдураҳмон ва дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Мирсаидов Баҳром дар мавзуи “Паём ва рушди фарҳангу маорифи миллӣ” маърӯза намуданд.

Бо музокира ва табодули афкор конференсияи илмӣ-амалӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоотва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ