​Паёми Пешвои миллат – сармашқи кори мо

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар доир шуд. Ба ин иқдом донишҷӯён – таҷрибаомӯзони соли сеюми факултети забонҳои хориҷӣ ҷалб гардида, мизи мудаввар дар муассисаи таълимии ғайридавлатии “Камоли Хуҷандӣ” ташкил шуд.

Иштирокчиён оид ба нуктаҳои асосии Паём маърӯза намуданд. Қайд гардид, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта,ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсиест, ки бо воситаи он мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург аст.

Ҳамзамон, аз тарафи донишҷӯён дар васфи Тоҷикистон, Ватан ва Пешвои миллат шеър ва гуфтор қироат гардид.

Омӯзгор Исматуллоев таъкид намуд, ки Паёми солонаи Президент нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт гардида, самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян ва идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос шудаанд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки Паёмро сармашқи зиндагиву фаъолият қарор диҳанд, зеро татбиқи самараноки Паём кафили таъмини пешрафт аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ