Паёми Пешвои миллат – раҳнамои фардои дурахшон

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдўст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28-декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ифодагари рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва раҳнамое ба самти музаффариятҳои навин буда, инъикосгари комёбиҳои навини мамлакат дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва собитгари далелбунёди ҷидду ҷаҳди бобарору пурбаракати сокинони ҷумҳурӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои шукуфоии рўзафзуни кишвари офтобиамон мебошад.

Паёми имсолаи Сарвари давлат, пеш аз ҳама аз он ҷиҳат ҷолибу таърихист, ки он дар арафаи 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар ироа гардид.

Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ нахуст сокинони кишварро бо ин санаи муҳиму таърихӣ муборакбод намуда, таъкид карданд, ки «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст».

Қайд гардид, ки дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ҳар як сокини кишварро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Сипас, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла ба соҳаи маориф низ изҳори назар намуданд. Зимни суханронии хеш Пешвои миллат доир ба масъалаи омўзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар руҳияи баланди ватандўстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, инчунин, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат дар зарфи 33 –соли Истиқлолият дар ин самт эълон доштанд.

Маълум аст, ки ҳанўз аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи илму маориф таваҷчуҳи хоса зоҳир менамоянд, зеро рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дошта, ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.

Аз ин рў, Сарвари давлат зимни суханронии хеш таъкид карданд, ки «То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».

Дар ин замина Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

Дар баромади хеш Пешвои миллат, таъкид доштанд, ки «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолироба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Ин пешравиҳо бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кишоварзону коргарон, мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои давлатӣ ба даст омадаанд ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд».

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Вобаста ба ин, аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диқкати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомўзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба гуфтаҳои болозикр ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Инчунин, дар Паёми ироагардида Сарвари давлат аз натиҷаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки «Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки то 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ саъю талош намоем.

Хулоса, дар Паёми Президенти кишвар масоиле нест, ки қобили қабул набошад ва ҳар яки моро муваззаф мегардонад, ки боз бештару бештар масъулият ҳис намуда, баҳри пиёдагардонии гуфтаҳои Сарвари давлат саҳми арзандаи худро гузорем.

Келдиёрова Ф.Т. – омўзгори кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ