Паёми Пешвои миллат – раҳнамо барои мо

Паёми имсолаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 23 декабри соли 2022, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Ҳангоми суханронӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2022 бо воқеаҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Президенти муаззами мо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёра чунин ибрози ақида намуданд:-“ Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул гардида буд, татбиқи онро таъмин намуд. Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

Инчунин, Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

Дар давраи имрӯза пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Мо ҳамеша пайрави Пешвои миллатем, чунончи таъкид намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.”

Ҷабборова В.Ҳ. – муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ