Паёми Пешвои миллат кафили таъмини амнияту суботи ҷомеа
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар санади муҳим, таҳлилӣ, дурнамо ва барномаи роҳнамунсози рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, амалигардии ҳадафу барномаҳои стратегӣ ва сафарбаркунандаи тамоми ҷомеа ба корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, эҳтироми зан-модар, волидайн, одобу ахлоқи ҳамида, иҷрои қонунгузорӣ, дӯст доштан ва муҳофизат кардани Ватан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат ҳамасола дар Паём ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, воқиф будан аз вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии хурофоту ҷаҳолат, терроризму экстремизм ва ҳифзи суботу амнияти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар Паёми навбатӣ, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид Пешвои муаззами миллат зикр карданд, ки: “Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Ин нуктаи баённамудаи Сарвари давлат, моро водор месозад, ки дар шароити муосир, афзудани набарду нооромиҳо дар қитъаҳои гунонгуни олам, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, ҷангҳои сарду киберӣ, мусаллаҳшавии бошиддат, таҳдидҳо бо аслиҳаи ҳастаӣ, таҳримҳои тӯлонӣ ва духӯрагии баъзе давлатҳо нисбат ба терроризму экстремизм, барои таъмини бехатарии иқтисодӣ ва амнияти кишвар чораву тадбирҳои саривақтию зарурӣ андешем.
Кафили рушди босубот, расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат, амалигардии нақшаву барномаҳои рушди бемайлони кишвар, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, дастовардҳои иқтисодӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум вобаста аст. Нақшаву иқдомҳои давлату Ҳукумат, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардиданд, бевосита барои амалигардонии ин ҳадафҳо равона карда шудааст. Иҷрои барзиёди нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ, сол аз сол баланд гардидани ҳаҷми маошу нафақа ва стипендияҳо, бунёди иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, манзили зист барои хизматчиёни ҳарбӣ ва биноҳои маъмурӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад”.
Ин суханон моро ба софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои мансабиву хизматӣ, манфиатҳои давлату Ҳукуматро аз тамоми манфиатҳои дишар боло гузоштан, муттаҳид будан, зиракии сиёсиро аз даст надодан ва муборизаи беамон бурдан алайҳи хурофоту ҷаҳолат, терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ба амнияту суботи давлату ҷомеа таҳдидкунанда равона месозад.
Вобаста ба мубориза ба терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба мавҷудияти сохти давлату давлатдории муосир, дар баъзе минтақаҳои олам таҳдид карда истодааст, Сарвари давлат зикр намуданд, ки: “мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии зуҳуроти номатлуби ифротгароии динӣ дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ азиятҳои даҳшатборро паси сар намуда, барои муқовимат ба он тамоми заминаҳои ҳуқуқиву маъмуриро фароҳам овардааст. Дар ин самт Тоҷикистон ташаббускори чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ буда, сипари боэътимоди муқовимат алайҳи ин хатари умумибашарӣ мебошад. Чунончӣ моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки ҳоло номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардида буд. Дар он ҳамоиши сатҳи баланд Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуда, зикр карданд, ки террорист давлату миллат надорад.
Ҳамчунин, 17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» баргузор гардида буд, ки дар он намояндагони 50 давлати ҷаҳон, беш аз 27 созмони байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд. Ҷараёни кори конфронсро беш аз 200 нафар намояндагони васоити ахбори ватаниву хориҷӣ сабт ва инъикос намуданд. Ташкил ва баргузории конфронсҳои сатҳи байналмиллалӣ дар кишвар гувоҳи яке аз давлатҳои пешсафу ташаббускор дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳамчун сарвари ташаббускор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба сулҳу субот ҷалб намуда, иброз доштанд, ки ба хотири ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, имрӯзи неку фардои ободу зебои насли башар тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ҳамчун шахси адолатпеша, ваҳдатофар ва дурандеш сарварони тамоми кишварҳоро ба сулҳ даъват намуда, зикр доштанд, ки: “Мо роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва паёмадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем”. Ин ташаббуси саривақтӣ, хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари маҳбуби мо сархати расонаҳои машҳури дунё гардида, ҳамчун тарҳи нави сулҳофарӣ дар тамоми курраи Замин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта мешавад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки дар вазъияти пуртазоду ноороми муосир аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Дар ин замина таъкид намуданд, ки “хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои амнияту суботи мамлакатро терроризм ва экстремизм маҳсуб медонанд ва дар баромаду суханрониҳои худ, доир ба хавфу хатарҳои он ибрози андеша ва изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар Паёми соли 2023 Сарвари давлат таъкид намуда буданд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари ҷавонони ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ фирефташуда ва ба хурофоту ҷаҳолат сироятёфта, маҳз аз бесаводӣ, дониши дурусти динию дунявӣ ва касбу ҷои кори доимӣ надошта, дар оилаҳои носолиму хурофотзада тарбияёфта, таълимоти динии ғайриқонунӣ гирифта мебошанд. Мунтазам тамошо кардани барномаву таблиғоти бардурӯғи бадхоҳони миллат, гӯш кардани амри маъруфу насиҳатҳои дурӯғини баъзе муллоҳои ифротию хурофотзада аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз назорати волидайн ва ҷомеаи солим дур мондан, бо нафарони ифротӣ робитаю дӯстӣ пайдо кардан онҳоро ба ин роҳи хатарнок ва торик раҳсипор менамояд.
Барои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ муайян намудани сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда аҳамияти муҳим дорад. Яке аз омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ ҳам дар хориҷи кишвар ва ҳам дар дохил ба шумор меравад, ки мутаассифона то ҳол баъзе волидайн ва шахсони масъул хатари онро хуб дарк накардаанд. Интишор ва ғайриқонунӣ ворид намудани адабиёти муҳтавои динӣ-эксремистӣ дошта, сабаби хароб намудани мафкураи хонандагони он гардида, барои афзудани сатҳи ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм сабаб мешавад. Инчунин эътиқоду боварӣ ба дуову дармони “мулло-табиб”, фолбинон, таълимоти динии ғайриқонунӣ, бетарафии баъзе қишрҳои ҷомеа нисбат ба ин нафарони фиребгар, дастрасии бемаҳдуди ҷавонону ноболиғон ба шабакаҳои интернетӣ ва бе назорати волидайн, устодон ворид шудани онҳо ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири муҳити ҷиноӣ-ифротӣ ба зеҳни онҳо, дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаву суханҳои эксртемистон бовар кардан, фирефта шудан, бегонапарастӣ, пулпарастӣ, таассуб дар либоспӯшию симои зоҳирии хоси фарҳанги бегона ва ғайра сабабу омилҳои ҷалб намудан ба ин амалҳои хатарафзо мегарданд.
Тамошои мунтазами сомонаву барномаҳои хусусияти экстремистидошта, аз “Ютуб”, “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Вотсап”, “Телеграм” ва ғайра, тафаккуру ҷаҳонбинии шахсро тангу торик менамояд, инсонро ба нотавонбинӣ, бадбинии сохти давлатдорӣ, сохтори ҷамъиятӣ, нодида гирифтани дастовардҳо, бегонапарастӣ, кӯҳнапарастӣ ва каҷравию якравӣ роҳсипор месозад.
Новобаста аз ғамхориҳои беандозаи Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат, таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон, рушди варзиш, соҳаи илму маориф мутаассифона то ҳол ҳолатҳои гаравидани баъзе аз ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба, соддаву зудбовар ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба назар мерасанд, ки роҳбарияти давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеаи моро ба ташвиш меоранд. Суханҳои Сарвари давлат доир ба хатари беандоза доштани терроризму экстремизм ва хурофоту ҷаҳолат ба амнияту субот ва тинҷиву осоиштагии давлату миллат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, новобаста аз миллат, наҷод, маҳалли истиқомат, махсусан волидайни азиз, аҳли ҷомеа, масъулини соҳаи маориф, фарҳанг, ҷавонон, занон аз зинаҳои аввали таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеҳни наврасону ҷавононро бояд бо китобхонӣ, донишҳои замонавӣ, ихтирокорию навоварӣ, меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватан, хештаншиносиву худогоҳӣ пур намуда, ба ҳаёти мустаъқилона омода намоем. Чунон тарбия намоем, ки иродаву адешаи қаввӣ, ҷуръату матонат дошта бошанд, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гоҳ ба давлату миллати хеш хиёнат накунанд. Гаравидан ба экстремизму терроризм ин хиёнат ба давлат, сарзамини аҷдодӣ, Ватан-Модар аст. Бояд дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастаҷамъона амал намоем.
Ҷабборзода И.Р., н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров