Паёми Пешво - кутбнамои ҷавонон

Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

Чун ҳамасола сарвари давлат дар Паёми имсола низ ба масъалаи ҷавонон рў оварда, зикр карданд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Албатта, нақши мо-ҷавонон бояд дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона хеле назаррас бошад. Пас ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дониши худро мукаммал намуда, барои ободии ин Ватан пайваста саъю талош намояд. Имрўз Ҳукумати мамлакат барои инкишофи озодонаи ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Вақеан, шароити мусоиди соҳибистиқлолӣ барои мо – ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрўз ҷавонони тоҷик имкон доранд, ки ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили кишвар таҳсили илм намуда, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро аз бар кунанд, фаъолияти самараноки илмиву эҷодии худро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пеш баранд.

Таърихи башар нишон медиҳад, ки ҳар як насл таҷрибаю дониши андўхтаашро ба насли оянда ба мерос мегузорад. Насли оянда бояд ҳамин таҷрибаю дониши ба мерос гирифтаашро сайқал дода, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро таъмин намояд. Новобаста аз солҳои душвору сангини ибтидои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва мушкилоти зиёди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ роҳбари ғамхору бунёдкор ва оянданигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 бо ҷавонони мамлакат нахустин вохўриро анҷом дода, зимнан таъкид намуда буданд, ки «ҳадафи сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дўстию бародарӣ ва пешрафти ватани азизамон мебошад».

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Ҳоҷиева М.Ҳ. - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ