​Паёме ба сӯи зиндагии шоиста

Ин унвони мизи мудаввар буд, ки бо иқдоми кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ роҳандозӣ шуд. Дар доираи ин ташаббус устодону донишҷӯён иштироки фаъолона зоҳир намуда, маърӯзаҳо ироа карданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом таҳти унвонҳои “Паёме ба сӯи зиндагии шоиста”, “Ҷавонон - қувваи пешбарандаи кишвар”, “Мавқеи зан дар ҷомеа”,“Маориф ва илм - ҷавҳар, ки миллатро ҷовидон нигоҳ медорад” маърӯзаҳо шунида шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти конфронс оид ба Паёми Пешвои миллат ва дастовардҳои 30 соли Истиқлол навори пурмӯҳтаво манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ