Паём ва масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърихи ташкилшавии парламенти касбии мамлакат, яъне аз соли 2000 – ум инҷониб ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад ва он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирад.Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат дар баробари баррасии масъалаҳои дохилӣ ҳамчунин доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ доир ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат таваҷӯҳ зоҳир гардида, муҳимтарин паҳлӯҳои сиёсати хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Чуноне, ки дар Паём ироа гардид, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.

Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.

Ҳамчунин Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем.

Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.

Дар Паём Пешвоимиллат доир ба вазъи афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, таъкид доштанд, ки мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад.

Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.

Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.

Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд.

Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ эътибори махсус дода шуда, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорад, идома хоҳад дод.

Дар идома Пешвои миллат нақши Тоҷикистонро дар ҳалли муаммоҳои глобалии сатҳи ҷаҳонӣ мусбӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки санаи 14 декабри соли ҷорӣ ташаббуси панҷуми кишвари мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки он эълон гардидани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати сулҳҷӯёнаро бо тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон тақвият хоҳад дод.

Ҳамин тавр, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он роҳи ояндаи ҳамкориҳои хориҷии кишварро муаян месозад.

Маҳмудова Н.С. – мудирои кафедраи таърихи халқи тоҷик

Муҳамадизода Меҳриддин – омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ