​Паём - сарчашмаи рушду инкишоф ва раҳнамо ба ояндаи нек

Таҳти ин унвон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як барномаи рушд ба мардуми кишвар буда даъвату сафарбарнамоӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, огоҳиву вазифагузорӣ доир ба бурду бохти кишвар дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нав дар марҳилаҳои минбаъда унвон гардид. Зикр гардид, ки устодону омӯзгорони Донишгоҳ фаъолияти минбаъдаи хешро дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём ироа гардид, мутобиқ намуда, дар соли 2023 ҷиҳати боз ҳам баланд бардошти илму маърифат, таълиму тарбия ва дигар масоили вобаста ба рушди маънавии ҷомеа хидмат менамоянд.

Сипас, доктори илмҳои таърих, профессор Набизода Ваҳоб дар мавзуи “Паём – роҳнамои рушди ҷомеа”, доктори илмҳои иқтисодӣ,профессорҶамшед Алиҷонов дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат ҳамчун заминаи таъмини рушди иқтисодиёти кишвар” ва Турдиев Турдӣ дар мавзуи“Табиати ҷаҳон: Пиряхҳо ва масоили ҳифзи онҳо”маърӯза намуданд.

Дар интиҳо қайд гардид, ки самти меҳварии сиёсати давлат дониста шудани соҳаи маориф на танҳо аз он дарак медиҳад, ки роҳбари давлат илму маорифро самти калидии давлатдорӣ ва асоси бунёди ҷомеаи мутамаддин донистаанд, балки ба ин соҳа ғамхории пайваста зоҳир намуда, барои ба низомҳои ҷаҳонӣ расидан аз тамоми имкониятҳои истифода менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ