Паём-роҳнамои кору рӯзгори мост

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатовари сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Шоистаи зикр аст, ки ҳар як паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муждаи нек ба шумор рафта, он натиҷагирӣ аз фаъолияти созандаи яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми меҳнатқарини кишварро дар бар мегирад. Сардори давлат дар ҳар паёмашон дар баробари дигар самтҳо нисбат ба соҳаи маориф низ мароқ зоҳир менамоянд. Ин аз он далолат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа меҳисобад. Аз ҷумла дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати ислоҳоти соҳаи маорифро пеш гирифт, ки ин ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши хонандагон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди таҳкурсии мустаҳками маориф дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Ҳамчунин Пешвои миллат қайд намуданд, ки «маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳони иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад».

Инчунин дар Паёми имсола Роҳбари давлат ба масъалаи тақсимоти квотаи президентӣ изҳори назар намуда, қайд карданд, ки “аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро квота хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳанӯз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастгирии ҷавонони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки он ба раванди илмомӯзии онҳо мусоидат намуд.

Ҳамакнун, 27 сол мешавад, ки духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Дар давоми таҳсил онҳо низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор мебошанд.

Дар Паёми имсола Президенти ҷумҳурӣ Вазорати маориф ва илмро вазифаддор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд. Инчунин, Пешвои миллат ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат намуданд, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд,ба илму донишандўзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Ифтихормандем, ки Пешвои миллат пайваста ба рушди соҳаи маориф ва махсусан муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки баҳри татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим тамоми қишри ҷомеа бояд фаъол бошанд. Зеро ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда, мавриди таҳлили мӯшикофона қарор гирифт. Бо дарки масъулият мегӯям, ки омӯзиш ва татбиқи нуктаҳои он моро беш аз пеш комёб мегардонад. Воқеан ҳам, дар шароити ҳозира рушди илм муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулони соҳа маҳсуб меёбад, дар ҷаҳони муосир илм мақому манзалати баландро соҳиб мебошад ва бидуни он тараққиёти давлатро умедвор шудан ғайриимкон аст.

Зан-модар офаридгор, идомадиҳандаи насли инсон аст, сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, олиҳаест, ки шукуҳу ҷилои сайёра ва оташи хонадон аз гармии меҳру муҳаббати зан сарчашма мегирад. Тору пуди зан-модар аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст ва беҳуда нест, ки дар ҳар лаҳзаи ҳаёти худ ҳангоми пеш омадани душворӣ дар зиндагӣ мо пеш аз ҳама калимаи модарро ба забон мегирем, зеро модар ҳама вақт дар бари мо буда, ҳамнафасу ҳамқадами мо дар зиндагӣ аст. Бузургони олам низ дар назди бузургии зан- модар сари таъзим фуруд оварда, таъкид намудаанд, ки зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Дар давраи соҳибихтиёрии Тоҷикистони азиз ягон самти фаъолияти сохторҳои давлатиро бидуни иштироки фаъолонаи занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Имрўз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин аст, таъкид карданд, ки «Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд».

Дар Паёми Пешвои муаззам зикр карда шудааст: «ҷалби бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш дода шавад, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем»

Дар асоси Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Стратегияи мазкур аз фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, механизмҳои татбиқи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии занон, таъмини иштироки васеи онҳо дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори давлат мебошад.

Дар ин самт дар паём зикр гардидааст, ки «ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд».

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Инчунин дар Паём қайд гардид, ки «мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз равиши тоза гирифта истодааст.

Гуфтаҳои боло аз он далолат мекунанд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷиҳати фаъолияти босамари онҳо дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа тадбирҳои амалӣ ва саривақтӣ меандешанд, зеро занон ва модарони мо воқеан нерўи тавонои ақлонӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд..

Ҳамчунин Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Дар воқеъ ҳар як Паёми Пешвои миллат роҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асосии он метавонад, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад, ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст, танҳо миллати босавод метавонад, насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад.

Бо ифтихор иброз медорем, ки омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд. Марҳилаи имрӯзаи инкишофи назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, бо саъю талошҳои Сарвари давлат ҷиддан вобаста мебошад.

Муаллим, омӯзгор вожаҳоеанд, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯзонда, ӯро ҳамчун шахси мустақил ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Барои бар камол расидани шогирдон омӯзгорон заҳмати зиёд кашида,вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, ояндасозони ҷомеаро тарбия менамоянд,.

Мо омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Азимова Машҳурахон Ҳоҷиевна - мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ