Паём – роҳнамоест барои фардои дурахшони кишвар

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ғояхои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрўз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад.

Дар Паём пеш аз хама дар бораи дастовардҳое, ки дар доираи соли гузашта ба даст омаданд, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҳар якмасъалаҳои ҳаёти мардум таваҷҷўҳи махсус дода шуда дар масъалаи соҳаи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хосатан нафақахўрону маъюбон аҳамияти хоса дода шуда нафақаи онҳо ба си фоиз баланд бардошта шуд. Зеро, ки ин шахсон ҳамеша дар мадди назариСарвари муаззамиҳастанд, ки ин ғамхорииПрезиденти кишвар ва тамоми мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва некуаҳволии сокинон музди маоши кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва бюҷетӣ 40 фоиз зиёд карда шуд.

Инчунин дар Паём масъалаи иштироки занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ, нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон, аз тарафи Сарвари давлат махсусан қайд карда шуд.

Инчунин аз тарафи Сарвари давлат қайд карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии ҳаёти мардум ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Аз ин лиҳоз, ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.

Силсилаиташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун соли 2025 «Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ карда истодааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар шароити кунун паём ҳидоятгари бевоситаи ҷомеа ба шумор меравад, зеро он мўҳтавои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро пурра дар бар мегирад ва барои пешбурдидавлат роҳнамои асосӣ шуморида мешавад.

Абдуллоева Азиза – сармуаллимаи кафедраи умуидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ