​Паём - равшангари фардои миллат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бурду бохт, музаффарияту муваффақиятҳои 30 соли даврони Истиқлолиятро ҷамъбаст карда, барои 10 соли ояндаи кишвар нақшаҳоро тарҳрезӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххасро вогузор намуд. Паёми навбатӣ ҳамаи соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро фаро гирифта, бурдборию камбудии онҳоро возеҳ намуда, дурнамои фардои миллатро муайян сохт.

Президенти кишвар дар аввали Паёми худ аз вазъи мамлакат дар солҳои 90-уми асри гузашта ёд карда, зикр намуданд, ки баргузории Иҷлосияи тақдирсоз дар ҳамон замон саривақтӣ буд. Расидан ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ба ин восита наҷот додани кишвар аз вартаи хатар, баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо иқдоми таърихии мураккаб дар он замон ба ҳисоб меравад. Ин кор таҷрибаи нодире барои Созмони милали муттаҳид ҳам аст. Дар таърихи тоҷикон аввалин маротиба бо райъпурсии умумӣ конститутсия қабул карда шуд, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъд аз Россия дуюмин шуда ин санади ҳуқуқиро қабул намуд.

Ҳамчунин, Президенти кишвар дар Паём ироа намуданд, ки дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлол 17 маротиба Қонун дар бораи аф қабул карда шуда, нисбат ба 170 ҳазор нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд ва ҷазои қатл бекор карда шуд, ки ин ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ низ ба назар намерасад.

Сарвари давлат ба ҷавонони мамлакат низ ҳамчун дӯст, рафиқ, падар муроҷиат намуда гуфтанд, ки ба илм, ҳунар, касбу забономӯзӣ рӯ оранд. Зеро ҳукумати мамлакат насли ҷавонро аз тамоми имкониятҳо истифода бурда дастгирӣ менамояд. Президенти кишвар ба ҷавонон изҳори боварӣ намуда қайд карданд, ки давлатро ҷавонон обод месозанд.

Боз як иқдоми инсондӯстонаи Президенти кишвар, ки зимни ин Паём ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, то дар доираи имкон барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намоянд ва ба воситаи 6 пули байни ин ду кишвар кӯмакҳои амалӣ расонанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша барои барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд.

Тавре дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки имрӯз занон дар ҳама соҳаҳо фаъол ҳастанд, 49,3% аҳолии кишварро занон ташкил менамоянд, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ 68%, дар соҳаи маориф 73%, дар соҳаи илм 27% ва дар соҳаҳои кишоварзию саноат 23%-ро ташкил менамоянд. Аз 42 ҳазор донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, 8 ҳазорашро духтарон ташкил менамоянд. Дар солҳои Истиқлолият 11200 духтарон бо квотаи Президентӣ донишгоҳҳои олиро хатм намуданд ва дар айни замон низ 100 ҳазор духтарон бо квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Навигарии дигаре, ки аз Паём ба мардуми кишвар расид, ин зиёд карда шудани маошу нафақаҳо, аз ҷумла 25% маоши ҳарбиёну мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 20% маоши маориф,тандурустӣ ва дигар соҳаҳои буҷавӣ, 50% нафақаи маъюбону ятимон аст. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагонии мардум мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар Паёми мазкур аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод карда шуд, ки баҳри расидан ба ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022 ва 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад. Ин иқдом, албатта саривақтӣ ҳисобида шуда, дар панҷ соли оянда барои рушди саноати кишвар мусоидат менамояд.

Саидакбар Нозимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ