​Паём - раҳнамои воқеии худшиносии миллӣ

Бо мақсади мавриди омўзиш қарор додани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, имрўз дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо иштироки донишҷўёни шўъбаи фосилавӣ чорабинии илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Паём- навиде аз зиндагии тоза” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини декан оид ба илм ва инноватсия, Сатторов Уктамалӣ ҳусни оғозбахшиди, афзуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат ба шумор меравад.

Сипас, дотсент Бахтиёр Шомирзоев - мудири шўъбаи тарбия ба сухан баромада афзуд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳимтарин барномаву ҳадафҳои созанда пешниҳод гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки масъалаи амнияти кишвар яке аз мавзӯоти асосӣ маҳсуб мешавад ва вобаста ба таҳдиду хатарҳои муосир ҷавононро зарур аст, ки барои таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳамеша зираку ҳушёр бошанд.

Баъдан, дотсент Рустам Юлдошев нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор дода, зикр дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони босифат ва ба замони муосир мувофиқ, истифодаи босамари усулҳои пешқадами таълим ва навгониҳои илму техника, ҷалби хонандагон ба касбомӯзӣ ва рушди фанҳои дақиқ ва дар баробари ин наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳониро дар назди кормандони соҳаи маориф ҳамасола мегузорад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки пайваста дар роҳи омӯзши илм талош варзида, кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Дар воқеъ Паёми Пешвои миллат оина ва раҳнамои воқеии худшиносии миллӣ дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ