​Паём муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни гурӯҳҳои 102 ва 205 мизи мудаввар дар мавзӯи “Раҳнамои мо – Паёми Пешво” гузаронида шуд.

Донишҷӯён дар мизи мудаввар фаъолона иштирок намуда, нуктаҳои асосии Паём ироагаштаро баррасӣ карданд. Инчунин, дар чорабинӣ шеърҳо доир ба ватан қироат шуда, муаррифиҳои пуруҳтаво роҷеъ ба Паём намоиш дода шуданд.

Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллатро бо итминони комил метавон дастур, оина ва раҳнамои воқеаии худшиносии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард. Зеро дар Паём ба таври воқеӣ ба муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ- чун забон ва гиромидошти он, мутолеаи китоб ва фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон, шинохти манзалати таърихии миллати тоҷик, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва мероси ғании бузургони миллат, ки саршори ғояҳои худшиносии миллӣ ба шумор мераванд, шарҳу тафсир ёфта, дар ин замина барнома ва ҳадафҳои наҷибу бузург муқаррар гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ