​Паём - ҳидоят ба роҳи созандагӣ

Таҳти ин унвон бо ҷалби васеи кормандону устодон дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ семинар - машварат доир гардид.

Ин ташаббус аз ҷониби садорати факултет роҳандозӣ агрдида, дар он муҳимтарин нуктаҳои Паём аз ҷониби профессор Абдуҳаким Қодиров ва декани факултет дотсент Гулнора Узоқова нуктаҳои умдаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Ҳамчунин, дар доираи семинар-машварат омӯзгорон доир ба самтҳои асосии Паёми пешвои миллат маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафти ҷомеа аст.

Дар қисмати дуюми семинар - машварат устодони факултет ҷиҳати коркарди лоиҳаи донишгоҳӣ "Рақамигардонии иқтисодиёт" маърӯза ИРОА намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби устодон доир ба мавзӯҳои баррасишаванда табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳллил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ