​Паём – барномаи бунёдии ояндасоз

Таҳти унвони “Паём – барномаи бунёдии ояндасоз” бо ибтикори садоратҳои факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи рус дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии № 5-и донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Иброҳим Ҷабборзода, декани факултет конференсияро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин иқдом шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паём унвон намуд.

Дар доираи кори конференсия як қатор маърӯзаҳо ироа шуданд.

Мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мухторзода Киромиддин дар мавриди моҳияти эълони соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ибрози назар намуд.

Дар идома дар бораи ҷойгоҳи масоили илм ва маориф дар Паёми Пешвои муаззами миллат мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Ҳошимова Шафоат ва мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ дотсент Ҳусейнов маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки Паём барномаи бунёдии ояндасоз буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини рушду пешрафт мебошад.

Бо музокира ва табодули афкор конференсия ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ