​Озмуни видеоии кӯтоҳ "Роҳи абрешим дар чашми ман"

“Озмуни видеои кӯтоҳи "Роҳи абрешим дар чашми ман - Ҳикояҳои ман бо Чин" аз донишҷӯёни хориҷӣ даъват мекунад, ки таҷрибаи худро бо Чин ба ҳам бинанд ва ҳикояҳои зодгоҳашон дар бораи Роҳи Абрешим нақл кунанд. Озмун бо мақсади таҳкими ҳамдигарфаҳмии донишҷӯён дар саросари ҷаҳон, густариши табодули фарҳангу афкори насли наврас ва мубодилаи шодии эҷодкорӣ ва навоварӣ мебошад. Мо омодаем, ки аз истеъдод ва илҳоми шумо ба ҳайрат бимонем. Дар озмун иштирок кунед ва дар бунёди ҷомеае, ки ояндаи муштараки инсоният дорад, иштирок кунед”.

Озмуни зерин бо ташаббуси Маркази мубодилаи байналхалқии Вилояти Шаансии Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад ва охирон рӯзи ҳуҷҷатсупорӣ 20-уми ноябри соли ҷорӣ мебошад. Шоҳҷоизаи озмун 5000 юани чини аст. Дар озмуни мазкур асосан донишҷӯёне, ки дар Чин таҳсил кардаанд ва донишҷӯёне, ки донандаи забонҳои чинӣ ва англисӣ мебошанд, метавонанд иштирок кунанд.

Барои маълумоти муфассал оиди шартҳои озмун метавонед аз иловаи дар зер оварда шуда истифода баред. Оиди ҳамаи саволҳо дар бораи озмуни мазкур метавонед ба шахси масъули озмун Қурбонов Самандар бо рақамҳои телефонии дар поён овардашуда муроҷиат кунед.

https://mp.weixin.qq.com/s/qMANZXDDP_gM1pGQs7MHAA

тел: 928222882

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ