​Озмуни “Расмкаши беҳтарин”

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни “Расмкаши беҳтарин” доир гардид.

Озмуни мазкур дар байни донишҷӯёни ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ гузаронида шуд.

Озмун ба мавзуи “Симои Модарони маърифатоин ва Баҳори Тоҷикистон” бахшида шуд.

Декани факултет дотсент Неъматзода Муқаддас аз корҳои эҷодии донишҷӯён дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд дод.

Омӯзгори фанни мазкур Бойирҷон Каримов эскиз ва расмҳоро муаррифӣ намуда, оид ба хусусиятҳои гуногуни рангҳо маълумоти муфассал дод.

Ғолибон дар ҷамъбасти ҳафтаи илм қадрдонӣ мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ