​Озмуни «Муаллими сол» баргузор мешавад

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо максади баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон дар раванди таълим озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол» эълон шудааст. Дар озмун омӯзгорони синну соли гуногун новобаста аз дараҷаи илмӣ иштирок карда метавонанд. Зинаи аввали озмун дар сатҳи кафедра, зинаи дуюм дар сатҳи факултет ва зинаи сеюм дар сатҳи донишгоҳ гузаронида мешавад.

Тартиби иштирок дар озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол»

  • Ташкили дарси намунавӣ аз ҷониби довталабони озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол».
  • Ба инобат гирифтани меъёрҳои дарси муосир, истифодаи технология ва методологияи навгаро, усулҳои фаъоли таълим, корбасти шаклҳои гуногуни дарс, навгониҳо дар сохтори дарс.
  • Татбиқи меъёрҳои баҳо додан ба сифати дониш ва фаъолияти донишҷӯён, риояи дараҷаи салоҳияти донишҷӯ (дониш, фаҳмиш, татбиқ) назорати ҷорӣ ва дараҷаи азхудкунии мавод аз тарафи донишҷӯ, маҳорати ҷалб намудани диққати донишҷӯ ба дарс, донистани шавки асосии донишҷӯ ва талаботи ӯ, маҳорати дарёфт намудани муносибати инфиродӣ ба ҳар як донишҷӯ, таъмини фаъолнокии донишҷӯён дар дарс.
  • Сифати дастурҳои таълимӣ-методӣ, раҳнамоҳои таълим, маводи таълимию методӣ, мақолаҳои таълимӣ - методӣ ва чопи онҳо дар маҷмӯаҳо ва маҷаллаи методии донишгоҳии «Раҳнамои омӯзгор», маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ.
  • Таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ дар асоси стандарти давлатӣ, барномаҳои таълимии кории фаннӣ (силлабусҳо), таҳияи лоиҳаи навоваронаю ихтироъкоронаи таълим ва дараҷаи татбиқи онҳо дар раванди таълим
  • Таҳияи бастаи маводҳои таълимӣ, сатҳу сифати маводҳо, дараҷаи таҳияи муаррифии фаннӣ, сабти видеодарсҳо ва ҷавобгӯ будани онҳо ба талаботи замони муосир.

Тахлили сифати дарс ва дараҷаи маҳорату малакаи касбии омӯзгор, истеъдоди ташаккул дода тавонистани қобилияти зеҳнӣ ва фаъолияти эҷодии донишҷӯён, сатҳи фаъолнокии донишҷӯён дар равиши дарс. Сифати дарсҳои назарӣ, амалӣ ва муаррифии мавзӯъҳо. Дарачаи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони давлатӣ, муоширату тадрис бо забонҳои хориҷӣ (дар гурӯҳҳои русӣ).

7. Сифати иҷрои супоришҳои кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва истифодаи онҳо дар раванди таълим.

Ғолибони озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол» аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҷоиза ва мукофотҳо арҷгузорӣ хоҳанд шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ