​Озмуни “Килки заррин” барои соли 2021 доир мешавад

Фармоиши ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани озмуни умумидонишгоҳии “Килки заррин” содир шуд.

Озмуни мазкур байни сохторҳои донишгоҳ, шуъбаҳои раёсати донишгоҳ, факултет ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи озмуни мазкур, пеш аз ҳама, муайян намудани сохтори беҳтарини донишгоҳ дар самти иттилоърасонӣ ва саҳми муассир дар пур намудани фазои иттилоотии донишгоҳ, сари вақт инъикос намудани руйдод ва чорабиниҳои донишгоҳӣ, хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду пешрафти самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ, ҷалби таваҷҷӯҳи бештари довталабон ҷиҳати дохилшавӣ ба донишгоҳ унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки озмун аз рӯи номинаҳои зерин гузаронида мешавад:

- Инъикосгари беҳтарин дар раванди фаъолият

- Факултети беҳтарин

- Кафедраи беҳтарин

- Пурбинандатарин навор

- Пурхонандатарин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ

- Беҳтарин таблиғгари донишгоҳ дар матуботи даврӣ

- Беҳтарин барномаи телевизионӣ

- Беҳтарин чеҳраи расонаии донишгоҳ

Дар озмуни “Килки заррин – 2021” маводе, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 тавассути сомонаи донишгоҳ – www.hgu.tj ва саҳифаи расмии донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш ва ё нашр мегардад, ба инобат гирифта мешавад. Масъулияти ташкил ва ҷамъбасти озмун ба дӯши Маркази иттилоот ва таҳлил вогузор шудааст.

Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои хотиравии донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ