​Озмуни иншои беҳтарин ва байтбаракхонӣ

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ озмуни байтбаракхонӣ ва иншои беҳтарин таҳти унвони “Донишгоҳи ман” байни донишҷӯёни курсҳои 1-ум то 5-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ, психология ва олигофренопедагогика ва таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.

Озмунҳои мазкур бахшида ба 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун беш аз 40 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Ғолибон аз ҷониби садорати факултет бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ