Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат»: 7 ҷойи намоён дар даври ҷумҳуриявӣ
30 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёну магистрантон ва устодони Донишгоҳ бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадр шуданд.
Гуфта мешавад, ки Донишгоҳ имсол низ байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми хосро касб намудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун 13 нафар намояндаи Донишгоҳ аз рӯи 7 номинатсия - “Математика”, «Физика ва астрономия», «Химия», “Биология”, «География», “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” иштирок намуда, 4 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.
Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки аз номинатсияи “Физика ва астраномия” – донишҷӯи факултети физика ва техника Ибодзода Сунатулло ба ҷойи дуюм, дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” Усмонзода Нилуфар – омӯзгори факултети физика ва техника, дар номинатсияи “Математика” магистранти факултети математика Эшонқулов Рустам ва дар номинатсияи “Химия” Мирзоева Таҳмина – донишҷӯйи факултети биология – химия ба ҷойҳои сеюм сазовор гашта, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо диплом ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Инчунин 3 нафар донишҷӯён: Раззоқов Абдуҳаким - донишҷӯи факултети физика-техника, Хабилова Мавзунахон - магистранти факултети геоэкология ва туризм, Юнусов Шаҳзод - донишҷӯи факултети биология ва химия ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гашта, ба онҳо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
PS: Раёсати донишгоҳ дастоварди навбатиро ба ғолибони озмун табрик гуфта, ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва хониши минбаъдаи муҳассилин тавфиқи пайвастаро таманно менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил