​Озмуни ихтироъкорон

Дар факултети физикаю техника озмуни ихтироъкорон ва навъоварон доир шуд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода суханронӣ намуда, ҳадаф аз ин иқдомро таҳкими дониш ва маҳорати ихтироъкории устодону донишҷӯён унвон кард.

Таъкид гардид, ки озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар партавси сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Ҳамзамон, дар факултет муаррифии маводи нашрии кафедраи методикаи таълими физика ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чорабиниҳои мазкур дар доираи ҳафтаи илм ба роҳ монда шуда, чунин ташаббусҳо дар дигар кафедраҳои факултет идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ