​Озмуни «Духтари соҳибҳунар» ҷамъбаст гардид

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ озмуни “Духтари соҳибҳунар” дар ду давр баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд,ки озмуни мазкур ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳёи урфу одатҳои мардумӣ, анъанаҳои миллию ҳунарҳои дастӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи онҳо дар руҳияи зебоипарастиву касбинтихобкунӣ ва дарёфти истеъдодҳо байни донишҷӯдухтарон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Даври аввали озмун дар факултетҳо ва хобгоҳҳои Донишгоҳ гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд. Дар даври дуюм озмун аз рӯйи 6 шарт, муаррифӣ, васфи модар, омода намудани хӯриш, хондани суруди алла, буридани угро, намоиши малакаи ҳунармандӣ ҷараён гирифт. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони фаъол ва собиқадор таъйин гардида, ба таври шаффоф ба иҷрои ҳар як шарт ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда мешуд. Дар натиҷа шоҳҷоизаи озмун насиби донишҷӯйи бахши 4-уми факултети забонҳои хориҷӣ Дилангез Нортоҷиева гардид.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хориравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ