Озмуни "Донишҷӯи сол - 2023"
Санаи 11-уми октябри соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ баҳри баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷўёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандўзию илмомўзӣ ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ аз 27-уми январи соли 2023, таҳти №55 озмуни умумидонишгоҳии «Донишҷӯи сол - 2023»гузаронида мешавад.
ШАРТҲОИ ОЗМУН:
1. Дар Озмун донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-ум, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, ҳуқуқи ширкат доранд.
2. Озмун дар се давр баргузор мегардад. Даври аввал дар факултетҳои донишгоҳ, даври дуюм дар раёсати донишгоҳ ва даври ниҳоӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
3.Тартиби баргузории даврҳо чунин муайян карда мешавад:
Даври аввали Озмун байни донишҷӯён дар факултетҳо баргузор гардида, аз чунин талабот иборат мебошад:
- худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ-слайд презентатсияҳо)
- саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои тахассусӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ;
Давраи дуюми Озмун байни ғолибони давраи аввал тариқи зайл сурат мегирад:
- худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ-слайд презентатсияҳо)
- навиштани диктант (бо забони давлатӣ);
- муайян намудани дараҷаи дониши тахассусӣ ва сатҳи дониши сиёсӣ;
- иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ
4. Ғолибони озмун тариқи овоздиҳии кушод, бо баёни фикр аз тарафи ҳайати комиссия муайян карда мешаванд.
5. Донишҷӯёне, ки дар озмуни донишгоҳӣ ғолибият ба даст меоранд, бо мукофотпулӣ ва Дипломи ректори донишгоҳ сарфароз гардонида мешаванд.
Маълумоти иловагӣ: шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, бинои Раёсати донишгоҳ, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, утоқи 102.
Тамос: (92) 626-22-20, 8 (3422) 6-42-82