​Озмуни “Донандаи беҳтарини фарҳанги Чин” доир шуд

Дар факултети забонҳои шарқ озмуни “Донандаи беҳтарини фарҳанги Чин” байни донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси забонҳои муосири хориҷӣ (хитойӣ-англисӣ) гузаронида шуд.

Дар кори озмун муаллимон аз Институти Конфутсий хонум Ма, Менг Сянхай, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, профессори кафедра устод Низомиддин Муродӣ, муаллими дарсдиҳанда хонум Янг Десия иштирок карданд.

Озмун аз як қатор шарт иборат буд. Аз ҷумла, суолу ҷавоб оид ба ба фарҳангу маданияти Чин ва муайян намудани зарбулмасали чинӣ аз рӯи расм аз шартҳои асосӣ буд.

Барои ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ