​Озмуни байналмилалии «Дўстӣ завол надорад»

Ба муносибати 50-солагии таъсисёбии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти унвони «Дўстӣ завол надорад» озмуни байналмилалӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур дар як давр аз рўи номинатсияҳои сурудхонии халқӣ, навозандагӣ дар созҳои халқӣ ва рақси миллӣ баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро як гуруҳ устодон ва донишҷӯёни факултети санъат намояндагӣ ва муаррифӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки мувофиқи талаботи озмун ҳар иштирокчиён асари худро сабт намуда, бо пур намудани анкета ба суроғаи электронӣ ирсол намуданд, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон баррасӣ ва ғолибон муайян гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷўён ва устодони факултети санъат аз рўи номинатсияи навозандагӣ ширкат намуда, бо диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, донишҷўи бахши ғоибонаи факултети санъат Ҳамроева Садоят таҳти роҳбарии сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Султонов Машраб аз рўи шарти озмун асари «Қўштор» ва таҳти роҳбарии сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Самариддинзода Сироҷиддин довталаби факултети санъат Худоймерганов Камолиддин бо асари классикь манзур намуданд.

Ҷойи ифтихор аст, ки Ҳамроева Садоят бо дипломи лауреати дараҷаи 1 ва роҳбари ғолиби озмун бо раҳматнома, инчунин Худоймерганов Камолиддин Сироҷиддинович бо дипломи дараҷаи II сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ