​Озмун: Магистранти беҳтарин

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ, ҳавасмандии магистрантон ва дар сатҳи баланд касбӣ омода намудани рисолаҳои магистрӣ, мақолаҳои илмӣ байни магистрантони факултети филологияи рус озмуни «Магистранти беҳтарин» гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз ду давр аз рӯи шартҳо баргузоргардид.

Мувофиқи нақшаи таълимии кории магистратура ва бо мақсади ҳавасмандии магистрантон дар роҳи илм аз 21-ум то 28-уми январи соли равон дар факултети филологияи рус озмуни “Портфолиои беҳтарин” ташкил ва баргузор шуд.

Иштирокчиён аз рӯи шартҳои мухталиф, аз қабили дониши фанҳо дар доираи нақаши таълимии магистрантон (аз рўи сатҳи омодагӣ ва фанҳои тахассусии ихтисос), сатҳи донистани забонҳои русӣ ва англисӣ, натиҷа ва дастоварҳои илмӣ, эссе, нусхаи чопии рисолаи магистрӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои бадастомада ғолибон муайян гардиданд.

Байни магистрантонии курси 1 Дилноза Мамадхонова - ҷойи аввал, Уғулой Ғафурова – ҷойи дуюмр, Сабрина Тоҷибоева ва Правина Каримова – ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Байни магистрантони бахши дуюм бошад, Дилрабо Мадаминова - ҷойи аввал, Убайдзода Мустафо – ҷои дуюм, Шаҳбоз Раҳимов ва Дилдора Юлдошева зинаи сеюмро касб намуд.

Ғолибон бо диплом ва сипосномаҳои қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ