Озмун: Коррупсия-таҳдид ба рушди кишвар
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Коррупсия-таҳдид ба рушди кишвар” озмун эълон мекунад. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9 декабр қайд мегардад, роҳандозӣ мешавад.
Озмун аз рӯи чор номинатсия:
- мақолаи беҳтарин;
- ролики беҳтарин;
- расми беҳтарин;
- флешмоби беҳтарин
эълон менамояд.
- Қабули мақолаҳо тавассути суроғаи электронии salomat_66@mail.ru то санаи 4-уми декабри соли 2023, соати 17:00 сурат мегирад;
- Ҳаҷми мақола на камтар аз 5 саҳифа бо ҳуруфи Times New Roman Tj, формати А4, ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 сатр бояд бошад;
- Ҳаҷми видеороликҳо то 1 дақиқамуайян шудааст;
- Флешмоб, буклет ва роликҳо аз ҷониби садорати факултетҳо ба Раёсати донишгоҳ утоқи 216 пешниҳод мешаванд;
- Дар озмун донишҷӯён, магистрантон ва докторантони PHD иштирок карда метавонанд.
Ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд.
Телефон барои тамос: (92) 777-10-73.
Эзоҳ: мавод дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабул мешаванд.